Дар вилояти Хатлон 60 фоизи маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба соҳаи илму маориф равона гардидааст

Август 20, 2021 08:18

ДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаи илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо пайваста тадбирҳои ҳадафманд роҳандозӣ менамояд. Соли равон дар вилоят 89 фоизи маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст, ки аз ин миқдор қариб 60 фоизи он- 1 миллиарду 242 миллион сомонӣ ба соҳаи илму маориф рост меояд. Ин матлабро 19 август раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар зимни баргузории машварати августии омӯзгорони вилоят баён дошт.

Мавсуф зикр намуд, ки тибқи нақшаи сохтмони иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, давоми солҳои 2018-2021 аз 790 иншооти соҳа 722 (91,4 фоиз) муассисаи таълимӣ, томактабӣ, бино ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва таъмиру навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд. Танҳо соли 2020 бо ҷалби ҳама намуди манбаъҳои маблағгузорӣ дар 66 мактаб 445 синфхонаи таълимӣ барои 11124 ҷойи хониш, 3 муассисаи томактабӣ барои 270 ҷойи кӯдак ва дар 7 моҳи соли равон дар 25 мактаб 224 синфхонаи таълимӣ барои 7149 ҷойи хониш ва 1 муассисаи томактабӣ барои 315 ҷойи кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар назар аст, ки то оғози соли нави таҳсили 2021-2022 ва ҷашни 30-солагии Истиқлол зиёда аз 60 иншооти дигари соҳа барои 9927 ҷойи хониш дар як баст ба истифода супурда шаванд, ки ин иқдом ба фарҳамсозии шароити муносиби таҳсили хонандагон мусоидат менамояд.

Ҳамасола қариб 5 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди шаҳру ноҳияҳои вилоят имкони дарёфти квотаю стипендияҳои президентӣ ва бурсияҳои таҳсил ба мактабҳои олии бонуфузи дохили ҷумҳурӣ ва мамлакатҳои пешрафтаи дунё доранд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳар ду сол 10 нафар беҳтарин кормандони соҳа ва омӯзгорони варзидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят соҳиби Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ мегарданд. Бо қарорҳои дахлдори раиси вилояти Хатлон, ҳамасола барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, мувофиқан дар ҳаҷми 5 ва 10 ҳазор сомонӣ ба олимону муҳаққиқони вилоят мукофотпулӣ дода мешавад. Соли 2020 дар доираи ин иқдом 22 нафар соҳиби ҷоизаи мазкур гардиданд.

Инчунин ба хатмкунандагон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои хатми мактаб бо аттестати универсалӣ ва равиявии аъло (медали тилло ва нуқра) мувофиқан дар ҳаҷми 10 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст. Имсол 10 нафар шогирдон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ сазовори ин мукофотпулӣ гардиданд.

Стипендияҳои номии раиси вилояти Хатлон барои 70 нафар хонандагони аълохону эҷодкор ва навовари муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар маҷмӯъ 168 ҳазор сомониро дарбар мегиранд, таъсису роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамзамон барои ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», озмунҳои вилоятии «Навқалами умедбахш» мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин рӯз ба як гурӯҳ кормандони соҳаи маориф барои натиҷаҳои назаррас дар фаъолияташон Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Август 20, 2021 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид