Дилшод Ниёзов ғолиби маҳфил-озмуни ҷумҳуриявии «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» гардид

Август 20, 2021 17:37

ДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ  «Ховар»/. 20 августи соли равон дар толори асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва коршиносон баргузор гардид.

Конференсия ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи мамлакат доир карда шуд.

Қабл аз оғози чорабинӣ роҳбарияти ҲХДТ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва иштирокчиёни маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ аз оромгоҳи академик Бобоҷон Ғафуров воқеъ дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе боздид намуданд.

Кори конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо сухани ифтитоҳии Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ оғоз гардид. Гуфта шуд, ки арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

— Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуда буданд, ки мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем. Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад, — таъкид намуд А.Азизӣ.

Зимни суханронии хеш ба ифтихори 100-солагии ин ходими намоён Роҳбари давлат таъкид намуданд: Бобоҷон Ғафуров аз миёни ходимони давлатӣ ва арбобони илми тоҷик дар баробари муайян ва собит намудани мақому манзалати таърихиву дастовардҳои арзишманди давлатдории тоҷикон дар тарғиби илму фарҳанги Машриқзамин дар арсаи ҷаҳонӣ ба пояи баланд расидааст. Ӯ тамоми ҳаёти худро сарфи таҳқиқу омӯзиши таърихи давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик намуда, дар тӯли фаъолияти пурбаракати хеш нафақат таърихи комили тоҷиконро ба вуҷуд овард, балки дар таҳқиқи таърихи бисёр халқҳои Машриқзамин низ саҳми арзанда гузошт. Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» таърихи қадимтарин, қадим ва асримиёнагии халқи тоҷик, таърихи илму адабиёт, санъати меъморӣ ва афкори динии халқи тоҷикро дар маҷрои ягонаи таърихи умумибашарӣ ва аз назари илми академӣ таҳқиқ кардааст.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода аз номи  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, баргузории конфронсро басо рамзӣ арзёбӣ намуд. Номбурда таъкид намуд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар ин замина Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2020 таҳти рақами АП-1347 ба тасвиб расид.

«Тоҷикон» аввалин тадқиқоти мукаммалу пурра оид ба таърихи миллати мо буда, муаллифи он бо нашри маҳсули заҳмати беш аз сисолаи худ саҳми арзандаи ниёгони моро дар таърих ва тамаддуни башарӣ ба ҷаҳониён собит кардааст. Ин асар дар ҳақиқат монанди шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳофизаи таърихии мардумро бедор намуд ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳи тоза бахшид.

— Хурсандибахш аст, ки бо ташаббуси Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳфил-озмуни “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” дар 4 давр баргузор гардида, ҷамъбаст  шуд ва 48 нафар иштирокчӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, — ишора кард Н.Оқилзода.

Дар идомаи чорабинӣ бо сухани табрикотӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ баромад намуда, ёдовар шуд: Бобоҷон Ғафуров фарзанди маҳбуби Ватан ва халқи худ аст ва бо итминони комил изҳор медорем, ки номи некаш то абад дар хотири наслҳои миллати куҳанбунёд, фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик зинда хоҳад монд.

Дар мавзӯи “Академик Бобоҷон Ғафуров ва ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик” директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ, профессор Каримзода Насрулло Убайдулло, дар мавзӯи “Нақши “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар тарбияи худшиносии миллӣ” узви вобастаи АМИТ, профессор Ҳайдаршо Пирумшоев, дар мавзӯи “Инъикоси масъалаи забти Осиёи Миёна аз тарафи арабҳо дар китоби “Тоҷикон” доктори илмҳои таърих, профессор Намоз Ҳотамов ва дар мавзӯи “Бобоҷон Ғафуров дар рушди таъриху фарҳанги миллӣ” номзади илмҳои таърих, дотсент Абдулло Ғафуров баромади пурмуҳтаво намуданд.

Шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва Муҳаммад Ғоиб аз осори пурғановати хеш дар мавзуъҳои Истиқлол ва Тоҷикистон барои ҳозирин ваҳдатсароӣ карданд.

Дар ҷамъбасти конференсия маросими супоридани Шоҳҷоиза, ҷоизаҳо, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ба иштирокчиён ва ғолибони маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” сурат гирифт.

Ҳамин тариқ, Ниёзов Дилшод — донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ барандаи Шоҳҷоиза гардида, ба ӯ диплом, шоҳҷоиза ва маблағи пулӣ ба андозаи 4000 сомонӣ тақдим гардид.

Тавре хонандагони муҳтарам огоҳӣ доранд, маҳфил-озмун аз рӯйи ду равия-байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва байни хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор шуд.

Байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ғолибиятро нафарони зерин ба даст оварданд:

ҶОЙИ I. Ҳоҷиев Фарҳод — донишҷӯйи курси чоруми факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Дар вазъияти тантанавӣ диплом, ҷоиза ва 2500 сомонӣ супорида шуд.

ҶОЙИ II. Зиёдуллоев Суҳроб — донишҷӯйи курси 3-и Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент. Ба номбурда диплом, ҷоиза ва 1500 сомонӣ тақдим гардид.

ҶОЙИ III. Юсуфов Муборакшо — донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Данғара. Дар вазъияти тантанавӣ диплом, ҷоиза ва 1000 сомонӣ супорида шуд.

ҶОЙИ III. Ғуриев Фаридун — донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ. Ба номбурда диплом, ҷоиза ва 1000 сомонӣ супорида шуд.

Байни хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ғолибият насиби инҳо шуд:

ҶОЙИ I. Бобоева Мунира — хонандаи синфи 11-и Литсейи №1-и ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб. Дар вазъияти тантанавӣ диплом, ҷоиза ва 2000 сомонӣ супорида шуд.

ҶОЙИ II. Абдураҳимзода Абдулло — хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и шаҳри Душанбе. Ба номбурда диплом, ҷоиза ва 1500 сомонӣ тақдим гардид.

ҶОЙИ III. Шарипова Сабрина — хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и шаҳри Ҳисор. Дар вазъияти тантанавӣ диплом, ҷоиза ва 1000 сомонӣ супорида шуд.

ҶОЙИ III. Сайфуллоев Беҳрӯз — хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и шаҳри Турсунзода. Ба номбурда диплом, ҷоиза ва маблағи 1000 сомонӣ супорида шуд.

Ба ғолибон ва ҳамаи иштирокчиёни маҳфил-озмун Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Баргузории чунин озмунҳо дар тақвият бахшидани дониши насли наврас ва ҷавонон мусоидати амиқ намуда, ҷиҳати шинохти таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик мусоидат менамояд.

ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.

ҲХДТ “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон”-ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад.

Дар ин раванд бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

Мавриди таъкид аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бонуфузтарин ҳизбҳои сиёсии кишвар буда, имрӯз ҳудуди 500 ҳазор аъзо дорад. 50,5 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 34 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

 АКСҲО аз АМИТ «Ховар» / Дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Август 20, 2021 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад