Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳ ёфтанд

Август 30, 2021 10:33

ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар номинаҳои “адабиёти ҷаҳон”, “адабиёти муосир”, “адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” ва “адабиёти классикӣ” соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.

Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода хабар медиҳад, дар даври дуюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” имсол аз донишкада 7 нафар донишҷӯ аз номинаҳои гуногун сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардида, барои иштирок ба даври шаҳрии озмун роҳ ёфтанд.

Аз номинаи адабиёти ҷаҳон Зуҳро Наврӯззода, донишҷӯйи курси 4-уми факултаи забонҳои Аврупо ҷойи якум, Шаҳзод Қаюмов, донишҷӯйи курси 4-уми факултаи филологияи тоҷик ва Аллома Собирова, донишҷӯйи курси 3-юми факултаи забони англисӣ ҷойи дуюм ва Холида Холова, донишҷӯйи курси 3-юми факултаи филологияи рус сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Аз номинаи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ донишҷӯйи курси 4-уми факултаи забонҳои Аврупо Шарифа Фидоматова сазовори ҷойи аввал шуд. Ҳамзамон Нилуфари Абдурасул, донишҷӯйи курси 3-юми факултаи филологияи тоҷик дар номинаи адабиёти классикӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.

Дар номинаи адабиёти муосир Ҷумъабой Асилов, донишҷӯйи курси 2-юми факултаи забонҳои Аврупо сазовори ҷойи сеюм шуд.

АКСҲО аз ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода

Август 30, 2021 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд