ГАНҶ МАГИР, КИТОБ ГИР. Имрӯз дар намоиши «Китоби Душанбе» 1 ҳазору 600 номгӯй асар пешниҳоди сокинон ва меҳмонон гардонида шуд

Август 20, 2021 14:12

ДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз шурӯъ аз соати 08:00 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Боғи Устод Рӯдакӣ»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Китоби Душанбе» намоиш-фурӯши китоб оғоз гардид, ки дар он 14 муассисаи нашриёти ватанӣ бо теъдоди 25 ҳазор нусха зиёда аз 1 ҳазору 600 номгӯй китобро пешниҳоди сокинон ва меҳмонон гардониданд.

Дар намоиш-фурӯши бузург Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, мувинони вазири фарҳанг, намояндагони касбу кори гуногун, аҳли зиё ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуданд. Дар намоиш-фурӯш ноширони ватанӣ — муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Маориф», «Адабиёти бачагона», Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб», Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол», ҶДММ «Нашриёти муосир», ҶДММ «Эр-граф», ҶДММ «Ношир», ҶДММ «Хуросон», ҶДММ «Меҳригиёҳ» китобҳои тозанашрро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардониданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз намуд, ки «тоҷикон аз даврони хеле куҳан соҳибхату соҳибкитоб буда, ин арзиши маънавиро дар тӯли асрҳои зиёд эҳтиром, ҳифзу арҷгузорӣ намуда,  дар рушди такомули он саҳми арзишманд гузоштаанд. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои бевоситаи Перезиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи соҳаҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобу китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид».

Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамарӯза ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. «Китобхонаҳо бояд ба маркази илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад»,— омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019.

Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,   намоиш-фурӯши китоб таҳти унвони «Китоби Душанбе» ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии роҳандозӣ гардид. Дар намоиш-фурӯш 14 муассисаи нашриёти ҷумҳурӣ ширкат намуда, тамоми китобҳоро бо нархи 30 фоиз арзон пешниҳоди сокинон гардониданд. Бояд гуфт, ки китоб аз замонҳои хеле қадим чун сарвати бебаҳои ҳар қавму миллат, воситаи асосӣ ва муҳими таълиму тарбия, дӯсти беғараз ва роҳнамо ба сӯйи маърифату дониш муаррифӣ гардидааст.

Директори Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабиб Сулаймонӣ дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки «зербинои ҳар давлат аз тарбияи насли навраси он манша мегирад. Имрӯз баргузории ин намоиш-фурӯш ба оммавигардонӣ ва дастраси насли наврасу ҷавон гардидани китобҳо мусоидат менамояд. Китобхонӣ дониш, ҷаҳонбинӣ, ифтихору ғурури миллӣ, дӯстдории Ватан, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиро дар замири ҷавонон ва наврасон бедор мекунад. Дар ин намоиш-фурӯш аз ҷониби муассисаи мо зиёда аз 60 номгӯй китоб пешниҳод гардид».

Хонандаи синфи 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Оминаи Рустамзод иброз намуд, ки «ҳадаф аз омаданам ба ин макон пайдо намудани китобҳои нависандагони муосир мебошад. Чунки ман иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинаи адабиёти муосир мебошам. Ҳеҷ неруе тавонотар аз китоб нест. Китоб тарбиятгар аст, бе китоб бунёди ҷомеаи солим имкон надорад. Китоб ғизои маънавӣ ва оромибахши рӯҳу равони инсон аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Ганҷ магир, китоб гир».

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Август 20, 2021 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак иштирок намуданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти осорхонадорӣ тақвият мебахшанд
Таҳти унвони «Забон — рамзи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мегардад