Гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Покистон дар соли равон 6,3 фоиз афзоиш ёфт

Август 11, 2021 09:03

ДУШАНБЕ, 11.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон дар мулоқоти  Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  Завқӣ Завқизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар дар Душанбе баррасӣ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот Завқӣ Завқизода изҳор дошт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Покистон решаҳои тӯлонӣ ва амиқ дошта, ин ҳамкории стратегӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон боз ҳам ба сатҳи сифатан нав баромадааст. «Хусусан сафари расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон, ки дар ҷараёни он 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст, шаҳодати гуфтаҳои болост», — тазаккур дод ӯ.

Зикр шуд, ки дар 6 моҳи соли 2021 тадриҷан барқароршавии гардиши савдо миёни ду кишвар мушоҳида мешавад. Дар ин давра ин нишондиҳанда ба 18,9 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ин нишондиҳанда иқтидори мавҷудаи байни кишварҳоро инъикос накарда, ҳоло ҳам имкониятҳои зиёди истифодаи ин иқтидорҳо вуҷуд доранд.

З. Завқизода якчанд самтҳои афзалиятноки ҳамкории ояндаи мутақобилан судманд, бахусус таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр бо арзиши иловашуда дар соҳаҳои нассоҷӣ ва фармасевтӣ, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва рушди тиҷорати дуҷониба пешниҳод намуд, ки ҷониби Покистон хуш пазируфт.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда изҳор намуданд.

 

АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Август 11, 2021 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд