Имомуддин Сатторовро Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба ҳузур пазируфт

Август 12, 2021 13:37

ДУШАНБЕ, 12.08.2021 /АМИТ «Ховар/. 11 август Имомуддин Сатторов ба муносибати анҷоми маъмурияти дипломатиаш ба сифати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров мулоқот кард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили муҳими рӯзномаи дуҷониба, аз ҷумла сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли равон, инчунин баргузории мулоқотҳои сарони давлатҳои СҲШ ва СААД-ро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.

С. Лавров саҳми муассири И. Сатторовро дар рушди ҳамкории созандаи ду кишвар махсусан таъкид кард.

И. Сатторов дар навбати худ ба С. Лавров барои дастгирии ҳамаҷониба дар фаъолияти ӯ ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ки ба таҳкими дӯстии анъанавӣ ва ҳамёрии стратегӣ, инчунин татбиқи созишномаҳои дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд бадастомада мусоидат кардааст, изҳори миннатдорӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷии Русия ба И. Сатторов дар фаъолияти минбаъда муваффақиятҳо орзу кард.

АКСҲО: Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Август 12, 2021 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд