Имсол дар ноҳияи Ҷайҳун дар масоҳати 6 ҳазору 840 гектар навъҳои гуногуни пахта кишт гардид
ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун имсол дар масоҳати 6 ҳазору 840 гектар навъҳои гуногуни пахта кишт намудаанд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ҷайҳун бо масъулину мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва чинакчиён дар хоҷагии ёрирасони корхонаи пахтатозакунии «Дӯстӣ» ба маъракаи ҷамъоварии пахта расман оғоз бахшиданд. Майдони умумии хоҷагӣ 21 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 17 гектари он пахтаи навъи «Қанд» кишт шуда, ба андешаи кишоварзон ҳосили хуб ба бор овардааст.
Масъулини хоҷагии ёрирасони «Дӯстӣ» итилоъ доданд, ки ба ғайр аз пахта дар 50 садяк ҷуворимакка кишт гардидааст. Ҳамзамон дар 2,5 гектар сабзӣ коридаанд, ки нашъунамои хуб дошта, давра ба давра ба ҳосил меояд, ки ин тадбир дар муътадил нигоҳ доштани нархи он мусоидат мекунад.
Раиси вилоят ба кишоварзон маслиҳат дод, ки бо роҳи захира намудани сабзӣ дар сардхонаҳо аз қиматшавии нархи ин маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ҷилавгирӣ кунанд ва онро бо нархи барои деҳқон фоидаовар ба фурӯш гузоранд.
Ҳамчунин раиси вилоят дар ноҳияи Ҷайҳун ба ҷараёни пахтақабулкунӣ дар корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Дӯстӣ», ки дар доираи «Корвони сурх» амалӣ шуд, шинос гардид. Имрӯз бо истифода аз боду ҳавои мусоид пахтаи дар саҳро шукуфта, аз ҷониби деҳқонон сари вақт ҷамъоварӣ гардида, аввалин тоннаҳои ин ашёи хоми саноатӣ барои коркард вориди корхонаҳо мегарданд. Аз ҷараёни маъракаи пахтасупорӣ маълум шуд, ки дар ҳама ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба ҷамъоварии пахта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шуда, кишоварзон кӯшиш мекунанд маҳсулоти бо ранҷ парвардаи худро беталаф чида, то ба хирман расонанд. Вобаста ба маъракаи ғунучин ва супурдани пахта таъкид гардид, ки ба қоидаҳои бехатарӣ, пардохти музди меҳнат, ҳавасмандгардонии чинакчиён ва дигар кормандони соҳаи кишоварзӣ диққати зарурӣ дода шавад.
Ҳамчунин дар доираи сафар раиси вилоят аз корхонаи ҶCП «Ҷунтай — Хатлон – Синсилу»-и ноҳияи Дӯстӣ дидан намуд. Корхонаи мазкур дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 300 тонна ашёи хомро дорад. Дар ин корхона беш аз 60 нафар кормандон дар ду баст фаъолият мекунанд ва бо шароити хуб таъминанд.
Бояд гуфт, ки имсол аз ҷониби корхонаи ҶCП «Ҷунтай — Хатлон – Синсилу» дар масоҳати 3000 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст.
Инчунин дар рӯз аз тарафи Муассисаи давлатии Маркази Идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар доираи Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба корхонаи ҶCП «Ҷунтай — Хатлон – Синсилу»-и ноҳияи Дӯстӣ ва кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун техникаву дигар мошинолоти кишоварзӣ тақдим гардид.
Ба иттилои масъулин, аз тарафи намояндагии Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ 34 адад тракторҳои гуногунтамға ва мошинолоти соҳаи кишоварзӣ дастрас карда шуд. Инчунин ба кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун 2 адад экскватори тасмачарх бо дарозии тири 14 ва 7 метр, 48 трактор ва 66 мошинолот, аз қабили ядак, испор, тойи алафбандак, сихмола, дорупошакҳои дастии муҳаррикдор, молаи чархӣ, алафдаравҳо ва дигар таҷҳизот дастрас карда шуд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни тақдими техникаву дигар мошинолоти кишоварзӣ иброз дошт, ки роҳбарияти ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзӣ пайваста деҳқононро дастгирӣ менамояд ва дар доираи ин лоиҳа таъмин шудани кишоварзон бо техникаи зарурӣ аз ҷумлаи ин тадбирҳо ҳисобида мешавад. Ҷавобан ба ин дастгириҳо хоҷагидоронро зарур аст, ки аз шароиту имконияти мавҷуда пурсамар истифода намоянд ва дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмини фаровониву арзонӣ, беҳдошти вазъи иқтисодии хоҷагиҳо, дар маҷмӯъ рӯзгори худу ҳамватанон саҳм гузоранд.
АКС аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон








Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»






