Имсол кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ дар майдони беш аз 8 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 07.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими имсола дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Дӯстӣ дар майдони 8 ҳазору 858 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки аз ин 5 ҳазору 325 гектарро ғалладонагӣ, 1516 гектарро сабзавот, 350 гектарро полезӣ ва 190 гектарро кишти картошка ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ иттилоъ доданд.
Имсол нисбат ба солҳои қаблӣ майдони кишти ғалладонагиҳо дар ноҳия бештар гардида, ба таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал нигаронида шудааст. Майдони кишти ғалладонагиҳоро намудҳои донагии ҷуворимакка, шолӣ, мошу дигар маҳсулоти лӯбиёгӣ ташкил медиҳанд.
Кишоварзон нақша доранд, ки имсол боз дар майдони 520 гектар кишти такрорӣ гузаронанд, то аз болоравии бесобиқаи нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар пешгирӣ карда шавад.
Тавре аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 130 ҳазору 222 гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад. Хоҷагидорон баъди гирифтани ҳосили дилхоҳ аз кишти баҳорӣ, дар баробари иҷрои нақшаи кишти донагиҳо, инчунин ба парвариши сабзавоту полезиҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.
Кишоварзони вилояти Хатлон бо тавсияву роҳнамоии мутахассисони соҳа дар кишти такрорӣ бештар парвариши зироати муҳлати истифодаашон дарозмуддат, аз қабили ҷуворимаккаи дон, шолӣ, мошу дигар лӯбиёиҳоро ба роҳ мондаанд.
Ба андешаи коршиносони соҳаи кишоварзӣ, иқлими мусоиди вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки деҳқонон тавассути дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ ва коркарди саривақтии зироат соле ду-се ҳосил бардошта, дар ғанисозии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳми муносиб гузоранд.
АКС аз манбаи боз








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






