Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

Август 4, 2021 18:00

04.08.2021, Туркманистон

Бо даъвати Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 4-5 августи соли 2021 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон роҷеъ ба маҷмӯи кулли масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин перомуни масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули созандаи афкор намуданд.

Сарони давлатҳо аҳаммияти имзои Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро аз 2 ноябри соли 2017 таъкид намуданд ва бо қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи хислати стратегиро қайд карданд.

Бо дарки баланди масъулият барои ҳифзи робитаҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, Ҷонибҳо азми худро баҳри боз ҳам идома додани густариши ҳаматарафаи муносибатҳои шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон тасдиқ намуданд.

Бо таъкиди аҳаммияти муколамаи фаъоли сиёсӣ барои рушди рӯзафзуни муносибатҳои дарозмуддати ду кишвар, Сарони давлатҳо тавсеаи минбаъдаи тамосҳои боэътимод ва созанда дар сатҳҳои олӣ, воло ва дигар сатҳҳоро ҷонибдорӣ намуданд.

Президентҳо рафти иҷрои амалии санадҳои дуҷонибаи қаблан имзошударо муҳокима намуда, сатҳи баланди рушди муносибатҳои байналмилалиро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра таъкид карданд.

Сарони давлатҳо изҳори итминон карданд, ки хислати устувор ва боэътимод доштани муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба манфиатҳои ҳаётан муҳим ва дарозмуддати мардумони ду кишвар ҷавобгӯ буда, ҳамчун омили калидии таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа хидмат мекунад.

Дар робита ба масоили минтақавӣ Сарони давлатҳо ба ҳам алоқаманд будани мушкилоти амниятӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳоро қайд намуда, нисбат ба пешгирӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо, густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи минтақавӣ ибрози назар карданд.

Дар ин замина ҷонибҳо таъкид намуданд, ки эътидоли сареи вазъи сиёсӣ ва барқароршавии иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон барои таъмини амният ва субот дар минтақа аҳаммияти ҳалкунанда дорад. Сарони давлатҳо муҳим будани татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ ва байналмилалиро, ки ба рушди пойдори он кишвар мусоидат хоҳад кард, қайд намуданд.

Президенти Туркманистон ба чораҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба кӯшишҳо дар пешбурди абзорҳои бисёрҷониба, ки ба эътидоли вазъ дар Афғонистон нигаронида шудаанд, баҳои баланд дод. Дар ин замина аҳаммияти баргузории ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» 29-30 марти 2021 дар пойтахти Тоҷикистон таъкид шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои Туркманистонро баҳри татбиқи тарҳҳои инфрасохтории транзитию нақлиётӣ, энергетикӣ ва дигар лоиҳаҳо, ки ба ҷалб намудани Афғонистон ба низоми муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд, баланд арзёбӣ намуд. Дар ин робита аҳаммияти равандҳои мазкур дар ростои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид гардид.

Президентҳо аҳаммияти мунтазам баргузор намудани Вохӯриҳои машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки ба таҳкими дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эътимоди мутақобила дар минтақа мусоидат менамояд, таъкид намуданд.

Сарони давлатҳо зарурати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти байналмилалиро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалӣ изҳор намуданд.

Президентҳо аҳаммияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва тавсеаи номгӯи онро қайд карданд.

Сарони давлатҳо зарурати тақвияти минбаъдаи нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникиро ҳамчун василаи муассири ҳамкории байнидавлатӣ таъкид намуда, натиҷаҳои ҷаласаи даҳуми онро, ки 28-29 июли соли 2021 дар Душанбе баргузор гардид, қайд карданд.

Ҷонибҳо мавҷуд будани шароити мусоид барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, тиҷорат ва кишоварзиро қайд карданд. Дар ин робита онҳо дар мавзуи зарурати ҳавасмандсозии минбаъдаи робитаҳо миёни соҳибкорон, шиносоии мутақобил бо маҳсулоти дар ду кишвар истеҳсолшаванда, омӯзиши имконоти содироту воридот ва ҷустуҷӯи шаклҳои нави пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ ибрози назар карданд.

Сарони давлатҳо бо дарназардошти таваҷҷӯҳи мутақобил ба истифодаи маҷмӯӣ ва оқилонаи захираҳои обиву энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ, аҳаммияти иншооти гидроэнергетикии мавҷуда ва бунёдшавандаро дар маҷрои обҳои фаромарзӣ бо дарназардошти манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа баҳри мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Осиёи Марказӣ қайд намуданд.

Сарони давлатҳо пешравиҳои бадастомада дар чаҳорчӯби Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар давраи раёсати Туркманистон ва саъю талошҳои раёсати кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ҷоннок кардани фаъолияти минбаъдаи Бунёд, аз ҷумла дар мавриди такмили сохтори ташкилӣ ва пояи қарордодиву ҳуқуқии он, афзалиятнокии масъалаҳои тағирёбии иқлим ва амиқсозии ҳамкории минтақавӣ қайд намуданд. Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки Барномаи ба наздикӣ қабулшудаи ҳавзаи баҳри Арал (ПБАМ-4) ҳамчун абзори муҳимми таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои миллӣ ва минтақавӣ барои беҳтар намудани вазъи идоракунии об, экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақа хидмат хоҳад кард.

Президентҳо тасдиқ намуданд, ки таъмиқи ҳамкориҳои зич дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия барои рушди тиҷорати байналмилалӣ миёни кишварҳо ва минтақаҳо аҳаммияти калидӣ дорад.

Дар ин робита Сарони давлатҳо аҳаммияти рушди инфрасохтори нақлиётӣ, такмили минбаъдаи сифати хидматрасонии нақлиётӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти тамоми навъи нақлиётро, ки ҳамлу нақл миёни ду кишвар ва транзити борҳоро тавассути қаламрави онҳо анҷом медиҳанд, зикр намуданд.

Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аҳаммияти тамосҳо байни ташкилотҳои дахлдор ва ходимони фарҳангу санъат, муассисаҳои таълимӣ ва васоити ахбори оммаро таъкид карданд. Тавофуқ ҳосил шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника фаъолтар хоҳад гардид.

Сарони давлатҳо густариши минбаъдаи робитаҳои байнипарлумониро ҷонибдорӣ намуданд.

Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон зарурати такмил ва тавсеаи минбаъдаи заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро таъкид карданд. Дар ин робита Сарони давлатҳо аҳаммияти санадҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ ва байниидоравиро, ки дар рафти сафар ба имзо расида, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон саҳмгузор хоҳанд шуд, таъкид карданд.

Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳро роҷеъ ба масъалаҳои калидии сиёсати байналмилалӣ баён намуда, азми худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар арсаи ҷаҳонӣ тасдиқ карданд.

Президентҳо зарурати ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар чаҳорчӯби созмонҳои универсалии байналмилалию минтақавиро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон узви онҳо мебошанд, қайд карданд. Сарони давлатҳо аҳаммияти баланд бардоштани нақши Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои онро дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, таъмини рушди пойдор ва таҳкими амнияту субот дар ҷаҳон тасдиқ карданд.

Президенти Туркманистон номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои интихоб шудан ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 дастгирӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Туркманистонро барои интихоб шудан ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2031-2032 ҷонибдорӣ кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон аз қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028” истиқбол намуданд.

Президенти Туркманистон ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ҷонибдорӣ кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Президенти Туркманистон оид ба таҳияи Стратегияи СММ ҷиҳати татбиқи чораҳо барои рушди энергетикаи камкарбон, инчунин таҳияи «Харитаи роҳ» таҳти сарпарастии СММ барои рушди ҳидроген ҳамчун яке аз самтҳои авлавиятноки соҳаи энергетикаро дастгирӣ намуд.

Президентҳо итминон доранд, ки музокироти баргузоршуда ва санадҳои дар рафти сафар баимзорасида ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф такони тоза бахшида, ба манфиатҳои мардумони бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон хидмат мекунанд ва ба афзоиши ҳаматарафаи некӯаҳволии онҳо саҳмгузор хоҳанд буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои меҳмоннавозӣ ва истиқболи гарму дӯстонаи ҳайати Тоҷикистон изҳори сипос карда, Президенти Туркманистонро даъват намуд, ки дар фурсати барояш муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар анҷом диҳад. Даъват бо изҳори миннатдорӣ пазируфта шуд. Таърихи сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳад шуд.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти
Туркманистон
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

 

 

ш. Ашқобод, 4 августи соли 2021

Август 4, 2021 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид