Корхонаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон 4 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Август 9, 2021 08:54

ДУШАНБЕ, 09.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳиссаи тиҷорати молҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон  то 28,3 фоиз зиёд шудааст. Ин нукта дар Форуми иқтисодии  кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар минтақаи сайёҳии «Аваза»-и шаҳри Туркманбошии Туркманистон дар ҳошияи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ва Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид, зикр шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказиро муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ифтитоҳ намуд. Дар Форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иштирок ва сухан кард.

Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа  медиҳанд.Таъкид гардид, ки минтақаи Осиёи Марказӣ аллакай таҷрибаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро доро буда, Тоҷикистон барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ тадбирҳоро оид ба татбиқи Барномаҳои байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин якчанд харитаи роҳ доир ба афзоиши гардиши савдо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ менамояд. Зақӣ Завқизода  имкониятҳои васеи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар соҳаҳои нақлиет ва логистика ва Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа  дар соҳаҳои обу энергетика муаррифӣ намуда, таклифҳои судманд пешниҳод карданд.

Дар доираи Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ корхонаву муассисаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон 4 созишнома ва меморандум ба имзо расониданд. Тибқи ин санадҳо аз Туркманистон ба Тоҷикистон 50 ҳазор тонна кокси нафтӣ, 50 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ, гази моеъ, маҳсулоти кимиёвӣ ва нуриҳои минералӣ ворид карда шуда,  аз Тоҷикистон  ба Туркманистон содироти 10 ҳазор тонна алюминий дар як сол ва  инчунин пешниҳоди тарофаҳои рақобатпазир барои интиқол ва транзити молу маҳсулот тавассути роҳи оҳан дар назар аст.

Дар Форум мубодилаи афкор ва муҳокимаи васеъ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ ва амиқсозии равандҳои ҳамгироӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодии кишварҳо сурат гирифт.

Дар охир ҳайати Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои Форуми имрӯза барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

 

 Аксҳо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Август 9, 2021 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд