Маҷаллаи Wostok-и Берлин шумораи навбатии худро пурра ба Тоҷикистон бахшидааст
ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи олмониии Wostok шумораи навбатии худро дар ҳаҷми 80 саҳифа пурра ба Тоҷикистон бахшид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар шумораи махсуси маҷалла зери унвони «Тоҷикистон — сарзамини баландкӯҳ ва дорои фарҳангу таърихи пурғановат» паҳлуҳои мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва халқи тоҷик инъикос гардида, дар ин замина ба дастовардҳои кишвар дар замони истиқлол диққати бештар дода шудааст.
Ҳайати таҳририяи маҷалла дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва вазорату идораҳои кишварамон дар 21 мавзӯи мукаммал таърихи ташаккули халқи тоҷик, анъанаҳо, раванди истиқлол ва ваҳдати миллӣ, ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои маъруф, муаррифии зарфияти иқтисодиву саноатии Тоҷикистон ва шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи он, мавзеъҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии онро бо сабку услуби хос инъикос намудааст.
Дар баррасии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ба «сиёсати дарҳои боз», узвияти кишвар дар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ диққати бештар равона гардида, талошҳои Ҳукумати кишвар дар раванди амалисозии стратегияҳои муҳими кишвар, бахусус татбиқи «иқтисоди сабз» шоиста арзёбӣ шудааст.
Бо назардошти вазъи кунунии амнияти минтақа, кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сулҳу субот ва талошҳои ӯ баҳри муқовимати дастҷамъонаи минтақа бар зидди чолишҳои замони муосир ба таври хос қайд шудаанд.
Шакли электронии маҷалларо метавонед бо суроғаи зерин дарёфт намоед:
www.botschaft-tadschikistan.de/Wostok
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид






