Муовинони Вазири тандурустӣ бо ҷараёни табобати гирифторони COVID-19 шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 06.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 август муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шодихон Ҷамшед аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии «Шифобахш» ва Зулфия Абдусаматзода аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсади боздид назорати хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони сирояти COVID-19 ва шиносоӣ бо вазъи муассисаҳои тандурустӣ мебошад.
Муовинони вазир зимни боздид бо шароити муассиса ва ҷараёни хизматрасонии тиббӣ шинос шуданд.
Зикр гардид, ки дар ин ҷо гирифторони бемории коронавирус ба таври шабонарӯзӣ таҳти назорати табибон қарор дошта, духтурон баҳри наҷоти ҷони онҳо тамоми кӯшишу талоши хешро равона намудаанд.


Дар муассисаҳои тандурустие, ки дар онҳо гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 бистарӣ шудаанд, шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, табибон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.
Махсусан дар чунин муассисаҳо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва дигар маводу таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд.
Зимни боздид муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхонаҳо қарор доштанд, суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат баҳри табобати гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
АКСҲО аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии ҶТ








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






