Нуринисо Исрипшоева соҳиби Шоҳҷоизаи даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар пойтахт гардид

Август 19, 2021 10:22

ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардида, магистри бахши якуми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Нуринисо Исрипшоева сазовори диплом ва Шоҳҷоиза ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ аз номинаи сарояндагии жанри анъанавӣ дониста шуд. Инчунин ғолибони 3 номина — композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ бо маблағи аз 5 то 15  ҳазор сомонӣ ва Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз 9 то 12 август бо иштироки 167 нафар доир гардид.

Тавре  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  зикр намуд, озмуни мазкур ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 18 майи соли 2021 баргузор гардид. Имсол дар мамлакат бори сеюм аст, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» гузаронида  мешавад.

Мавсуф зикр намуд, ки имсол ба озмун нисбат ба ду соли гузашта таваҷҷуҳи  иштирокчиён бештар гардида, яке аз дигаре беҳтар ҳунари худро муаррифӣ менамояд. Соли гузашта дар даври шаҳрии озмун аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе 102 нафар иштирок намуданд, ки аз ин шумора 38 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. 36 нафари онҳо дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Сардори шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «имсол барои баргузории озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе беш аз 900 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар даври шаҳрии озмуни мазкур 167 нафар иштирок намуда, аз онҳо 66 нафарашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд».

Имсол дар низомномаи озмун тағйирот ва имтиёзҳои бештаре ворид гардидаанд.

Тавре раиси ҳакамон- Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов иброз дошт, «имсол раддабандии синнусолӣ барои иштирокчиёни гурӯҳи касбӣ ба таври зайл тақсимбандӣ гардид:  аз 12 то 17- сола ва  аз 18 то 40 — сола. Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин ғолибони даври якум, дуюми озмун ва омӯзгорони онҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд».

Дар даври шаҳрии озмун як гурӯҳ омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар озмун сазовори ҷойҳои якум, дуввум ва сеюм гардиданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо 5  ҳазор сомонӣ ва Ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.

Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» барномаи ҳунарӣ пешниҳод гардид.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Август 19, 2021 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид