ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад

Август 5, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 05.08.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда,  ҳарорат дар шаҳри Душанбе рӯзона ба 36+38 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва  рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 3+8  ва рӯзона  14+19  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд.   Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22  ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабр ва тағйирёбандаи  бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25  ва рӯзона 36+41  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 18+23  дараҷа гарм ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона  27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабр ватағйирёбандаи  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  20+22  ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Август 5, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад