ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

Август 16, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 16.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва  рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 1+6 ва рӯзона  13+18  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабри бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10  метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21  ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.  Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона  29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  16+18  ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Август 16, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад