Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ бе озмун ва ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии Тоҷикистон қабул шуданд

Август 4, 2021 14:41

ДУШАНБЕ, 04.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хатмкардаи мактаби миёнаи  рақами 28-и деҳаи Сории шаҳри Панҷакент, барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Раъно Насриддинова бе озмун, ройгон ва бо тавсияномаи Вазири маориф ва илми мамлакат ба шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабул гардид.

Тавре аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омадааст, ки ғолибони даври чорум- ҷойҳои 1, 2, 3 ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ бо ихтисоси интихобкардаашон бе озмун ва ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат қабул карда мешаванд.

Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «баъди як моҳ сазовори номи пуршарафи донишҷӯ мегардам. Шарафманд аз онам, ки  ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шуда, ҳуҷҷатҳои худро ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супоридам ва бе озмун донишҷӯ мешавам. Зимни қабули ҳуҷҷатҳо на барои ман ва на дигар ғолибони озмун ягон монеа вуҷуд надошт. Чунин имкониятро ба дигар иштирокчиёни даври навбатии озмун низ таманно дорам».

Сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Маҳмудзода дар суҳбат иброз намуд, ки чунин имтиёзҳо дар Низомномаи имсола бештар гардидаанд.

Мавсуф зикр намуд, ки имсол ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар ташкилот ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Инчунин омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда мешаванд.

Ҳамчунин омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони худро аз даври якум то даври чоруми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати маориф ва илм санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.

 

АКСҲО аз  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Август 4, 2021 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд