«Ояндаи бидуни пластик». Таҳти чунин унвон дар Хуҷанд ҳамоиши экологӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ояндаи бидуни пластик» — таҳти чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагону кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ, мағозаҳои калони хӯроквории шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, коргоҳи коркарди дубораи партовҳои пластикии «Тоҷпет» ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Зикр шуд, ки таъсири партовҳои пластикӣ ба муҳити зист муаммои экологии даҳсолаи охир дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар айни замон хусусияти глобалӣ пайдо кардааст.
Дар ҷараёни ҳамоиш қадамҳои нахустин дар роҳи иваз кардани халтаҳои полиэтиленӣ ба халтаҳои аз лиҳози экологӣ тоза ва дастгирии истеҳсолоти хурд барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, таъсири партовҳои пластикӣ ба муҳити зист, аҳамияти коркарди такрории партовҳои пластикӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба бехатарӣ ва амнияти экологии инсон, беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии муҳити зист равона гардидаанд, баррасӣ шуданд.
Ҳамоиши мазкур яке аз роҳҳои иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» буда, дар ҷараёни он масъалаҳои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва рушди тарбияи наврасону ҷавонон муҳокима гардиданд.
Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати ҷумҳурӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






