ПАХТА-2021. Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии «тиллои сафед» оғоз шуд

Август 25, 2021 09:35

ДУШАНБЕ, 25.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба истиснои шаҳри Бохтар, ноҳияи Ёвон ва Данғара маъракаи ҷамъоварии пахтаи соли 2021 оғоз гардидааст.

Имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 177 ҳазору 48 гектар пунбадона кишт шудааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоти Хатлон  иттилоъ доданд, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҶДММ иттиҳодияҳои аграрии «Водии Зарин»-и Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Кушониён маъракаи пахтачинӣ оғоз гардид. Майдони умумии замини пахта дар ҷамоати мазкур 120 гектарро дар бар гирифта, дар он навъи тухмии австралиягӣ кишт карда шудааст, ки айни замон ғарқи ҳосил мебошанд.

Қурбон Ҳакимзода бо сокинони деҳа ва пахтачинон суҳбат ороста, роҳбарияти хоҷагиро бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён ва дигар саҳмдорон вазифадор намуд, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, ҳосили бо сад ранҷ парваридаи марди деҳқонро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо назардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд  мегардад. Аз ин рӯ ҳадафи асосии пахтакорон рӯёнидани ҳосили хуб мебошад. Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, яке аз шартҳои асосии рӯёнидани ҳосили хуби пахта- интихоби дурусти навъи чигит ва дуруст гузаронидани  корҳои агротехникӣ мебошад.

АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Август 25, 2021 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд