Пешсафони ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба шаҳрҳои Душанбе ва Норак саёҳат карданд

Август 9, 2021 14:31

ДУШАНБЕ, 09.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, саёҳати  кормандони пешсафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба минтақаҳои дилрабои шаҳрҳои Норак ва Душанбе сурат гирифт.  Дар ин бора аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти  КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Сараввал кормандони ҳизбӣ аз Боғи Анори шаҳри Норак дидан намуда,   оид ба таърихчаи боғи мазкур маълумот гирифтанд. Дар идома кормандони ҳизбӣ ба НБО «Норак» ташриф оварда, оид ба ин иншооти бузург ва мавзеи дилпазир таассуроти хоса бардоштанд.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Сайдамир Ғафуров аввалин бор аст, ки ба шаҳри Норак сафар кардааст.

Ӯ мегӯяд,   аз зебогиҳои шаҳр хушам омад ва мехоҳам, ки дар оянда низ чунин саёҳатҳо бештар ташкил карда шаванд. «Ташаккур ба ташкилкунандагони ин саёҳат, зеро солҳост, ки орзуи дидани ин мавзеъҳоро доштам. Дар доираи ин сафар чанд дӯсти дигар низ пайдо кардам. Дар ин сафар истироҳати хуб доштем, рӯҳияаамон болида шуд ва албатта ин дар фаъолияти кориямон таъсири мусбат хоҳад дошт», — гуфт С. Ғафуров.

Мисли ӯ чандин ҷавони дигар низ мунтазири чунин саёҳат буданд, ки  ҳамакнун ба орзуяшон расиданд.


Дар идома саёҳати кормандони ҳизбӣ ба шаҳри Душанбе сурат гирифт. Аҳли гурӯҳ мавзеи назаррабои «Кохи Наврӯз», Боғи Ҷавонон ва Боғи Ирам-ро тамошо карданд.

Сайёҳат  дар ҷойҳои тамошобоби шаҳрҳои Душанбе ва Норак бо як ҷаҳон таассуроти нек сипарӣ гардид.

Хотиррасон мекунем, ки дар хатсайри сайёҳӣ онҳое сафарбар шуданд, ки дар шашмоҳаи соли равон тибқи назарсанҷии ҳизбӣ пешсафӣ доштанд. Роҳбарияти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон  минбаъд низ баҳри ҳавасмандии пешсафон чунин имкониятҳоро роҳандозӣ хоҳанд кард.

 

 

АКСҲО аз КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Август 9, 2021 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд