Раҷаббой Аҳмадзода ва Сезин Синаноглу татбиқи лоиҳаҳои муфидро дар вилояти Суғд баррасӣ карданд

Август 7, 2021 12:02

ДУШАНБЕ, 07.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баррасии масъалаҳои таҳкими робитаҳо, татбиқи лоиҳаҳои муфид барои хоҷагии халқ ва дурнамои ҳамкорӣ дар меҳвари мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу қарор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Раиси вилоят дар оғози суҳбат аз рушди ҳамкорӣ бо ташкилот, муассисаҳо ва наҳодҳои тахассусии СММ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви СММ гардид ва имрӯзҳо бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ҳамкории густарда дорад.

Аз ҷумла, СММ барои рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва обёрӣ мунтазам кумак мерасонад. Ҳамзамон аз тарафи ин созмон барои пешгирии бемории сироятии коронавирус ба вилоят кумак расонида шуд, ки ин аз тақвияти ҳамкорӣ гувоҳӣ медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии СММ айни замон якчанд лоиҳаҳо баҳри дастгирии нафарони маъюб, пешгирии терроризму экстремизм, мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ, расонидани кумакҳо ба шахсони аз офатҳои табиӣ зарардида амалӣ гардида истодаанд.

 

АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 7, 2021 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид