Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Эрон иштирок менамояд

Август 4, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 04.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо даъвати расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрон сафар намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Имом Ҳумайнӣ Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳамроҳони ӯро Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Зимни суҳбат бо Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ, Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода гуфт, ки “ҳадафи сафари ҳайати мо рушди бештари робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд, инчунин табодули таҷрибаи парлумонӣ мебошад”.

 

АКС аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Август 4, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад