«Росселхознадзор»: Тоҷикистон интиқоли меваю сабзавотро ба Русия афзоиш дод
ДУШАНБЕ, 17.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти низоми иттилоотии «Росселхознадзор» ва Низоми федералии иттилооти давлатӣ “Аргус-Фито”, соли 2021 то 10 август Тоҷикистон ҳаҷми сабзавот ва меваҳои ба Русия воридшавандаро зиёд кардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамин тариқ, интиқоли сабзавот ва мева аз Тоҷикистон 38%- аз 4,8 ҳазор тонна то 6,7 ҳазор тонна дар соли 2021 афзоиш ёфт.
Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ ҳамчун бузургтарин таъминкунандаи меваи хушк ба Русия боқӣ мемонад (зиёда аз 3 ҳазор тонна).
Мувофиқи маълумоти Росселхознадзор, ҳар як кишвари ИДМ дар соли 2021 интиқоли баъзе намудҳои молро ба Русия афзоиш додааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон ба Федератсияи Русия содироти меваи хушк, гелос, ангур ва шарбатро афзоиш дод.Афзоиши таъминоти меваи хушки омехта 15% буда, аз 1,4 ҳазор тонна то 1,6 ҳазор тонна дар соли равонро ташкил медиҳад.Афзоиши зардолуи хушк 6,6% буда, аз 1,5 то 1,6 ҳазор тоннаро ташкил мекунад.Гелоси ширин — аз 45 тоннаи соли гузашта 19 маротиба афзоиш ёфта, имсол ба 866 тонна расид.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад






