Сафири навтаъйини Озарбойҷон дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

Август 27, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Асгаровро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот маросими супоридани нусхаи эътимодномаи сафири Озарбойҷон ба Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор гардид.

С.Муҳриддин оғози фаъолияти дипломатии А.Г.Аскеровро дар Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умедворӣ кард, ки ӯ барои фаъолона таҳким бахшидан ба муносибатҳои ду кишвари дӯст мусоидат хоҳад кард.

Мусоҳибон масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон ва равобити кишварҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Август 27, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд