Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот кард

Август 14, 2021 10:38

ДУШАНБЕ, 14.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 август мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (CҲИ) Ҳодии Сулаймонпур баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот Сафири Тоҷикистон номаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳодии Сулаймонпур, ки маъмурияташ дар вазифаи  Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ 15 августи соли ҷорӣ ба анҷом мерасад, супорид. Дар нома Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Ҳодии Сулаймонпурро дар вазифаи мазкур  пурсамар арзёбӣ намуда, ба ӯ дар фаъолиятҳои минбаъдааш  муваффақиятҳои беш аз пеш орзу намудааст.

Ҳодии Сулаймонпур барои тақдир аз фаъолиятҳои ӯ дар вазифаи Дабири кулли СҲИ изҳори сипос намуда, аз Сафир хоҳиш кард, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон табрикот ва таманниёти ӯро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон расонад.

Ҳамзамон Ҳодии Сулаймонпур ба Сафири Тоҷикистон Тасдиқномаи пойтахти сайёҳии СҲИ  эълон гардидани шаҳри Душанбе барои солҳои 2020 — 2021-ро ҷиҳати таҳвил ба шаҳрдории Душанбе супорида, ба ин шаҳри зебову дилоро  сарсабзиву шукуфоии рӯзафзунро орзу намуд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Август 14, 2021 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо директори Бюрои рушди телекоммуникатсияи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Космас Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд