Сардори Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷае Ҳён бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 31.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи сентябр Сардори Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷае Ҳён бо сафари расмӣ бо ҳайати гумрукчиёни ин кишвар ба Тоҷикистон меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ҳадафи сафари Сардори Хадамоти гумруки Корея ба Тоҷикистон таҳкими ҳамкории гумрукӣ бо мақомоти гумруки Тоҷикистон мебошад.
Интизор меравад, ки Сардори Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷае Ҳён зимни сафар ба Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Низоми идораи таваккал» ва ҳамоиши ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Корея иштирок намояд. Инчунин аз терминали «Дӯстӣ», воқеъ дар шаҳри Турсунзода ва дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и Душанбе боздид намуда, бо ҷараёни кори низоми идораи таваккал дар «Терминал»-и Душанбе аз наздик шинос шавад.
Ҳамзамон ҳайати гумрукчиёни Корея ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода рафта, аз ёдгории таърихии Қалъаи Ҳисор, мавзеи истироҳатии «Шаршара»-и шаҳри Ҳисор ва ангурбоғҳои шаҳри Турсунзода боздид менамоянд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд






