Сардори Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷае Ҳён бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Август 31, 2021 09:06

ДУШАНБЕ, 31.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи сентябр  Сардори Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷае Ҳён бо сафари   расмӣ  бо ҳайати гумрукчиёни ин кишвар ба Тоҷикистон меояд,  иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ҳадафи сафари  Сардори  Хадамоти гумруки Корея ба Тоҷикистон таҳкими  ҳамкории гумрукӣ бо мақомоти гумруки Тоҷикистон мебошад.

Интизор  меравад, ки Сардори Хадамоти гумруки Корея Лим Ҷае Ҳён зимни сафар ба Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Низоми идораи таваккал» ва ҳамоиши ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Корея иштирок намояд. Инчунин аз терминали «Дӯстӣ», воқеъ дар шаҳри Турсунзода  ва дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и Душанбе  боздид намуда, бо ҷараёни кори низоми идораи таваккал  дар «Терминал»-и Душанбе аз наздик  шинос шавад.

Ҳамзамон ҳайати  гумрукчиёни Корея ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода рафта, аз ёдгории таърихии Қалъаи Ҳисор, мавзеи истироҳатии «Шаршара»-и шаҳри Ҳисор ва ангурбоғҳои шаҳри Турсунзода  боздид менамоянд.

 Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 31, 2021 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Иштирокдорони Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ бо низоми кишоварзии нодири дараи Алмосӣ — гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасонӣ барои саломатӣ ва зебоӣ доир мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти сохтмон ва меъморӣ густариш меёбад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд
Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд
ПУЛИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар чорабинии канорӣ роҳҳои ҷалби захираҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»

Маводҳои таҳлилӣ