Сергей Лавров: Афғонистон дар нишастҳои СААД ва СҲШ дар Душанбе ба мавзӯи «доғи рӯз» табдил хоҳад ёфт

Август 25, 2021 11:25

ДУШАНБЕ, 25.08.2021/АМИТ «Ховар»/. Вазъият дар Афғонистон мавзӯи асосии нишастҳои қарибулвуқӯи СААД ва СҲШ дар миёнаҳои моҳи сентябр дар Душанбе хоҳад шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии русии Sputnik хабар медиҳад, дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дирӯз, 24 август зимни нишасти матбуотӣ дар Маҷористон хабар дод.

«Маълум аст, ки мавзӯи Афғонистон ва оқибатҳое, ки ҳоло ҳамсояҳо ва кишварҳои дигар дар натиҷаи амалҳои Амрико аз сар мегузаронанду бо ҳеҷ кас ҳамоҳанг нашудаанд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳанд гирифт», -гуфт Лавров.

Вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунин гуфт, ки Русия омода аст дар барномаи Шӯрои Амнияти СММ вазъ дар Афғонистонро баррасӣ кунад. Лавров афзуд, ки Русия кори Шӯрои Амниятро манъ карданӣ нест.

«Дар Ню -Йорк онҳо пешниҳод мекунанд, ки ҷаласаи пурраи Шӯрои амният даъват карда шавад, яъне бо аъзои ғайридоимӣ, мо низ ба ин омодаем. Муҳим он аст, ки гуфтугӯҳо дар ин гуна  шаклҳо набояд ба кӯшиши таблиғи ин ё он амали онҳо бахшида шавад, балки ба фаҳмидани воқеият дар рӯи замин равона гарданд»-иброз дошт ӯ.

Вазир зикр кард, ки ҳама баҳсҳо бояд ба таҳияи равишҳое равона карда шаванд, ки ба дастёбӣ ба созишҳо миёни «Толибон» ва боқимондаи неруҳои сиёсии Афғонистон мусоидат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои СААД ва СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мешаванд.                                               

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 25, 2021 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд