ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, чоршанбе, 223-умин рӯзи соли 2021 аст

Август 11, 2021 08:00

11 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарфармондеҳи вақти Ситоди марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА Ҷон Абузайд масъалаҳои минтақа ва Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор карданд.

***

9 сол пеш, 11 августи соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 230 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва ходимони ҷамъиятиро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуд.

11 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар бархе аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон.

***

Дар Чад –Рӯзи истиқлол.

***

Дар Зимбабве –Рӯзи қаҳрамонон.

***

Дар Латвия – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон барои озодӣ

РӮЙДОДҲО:

11 августи соли 1937 Палатаи давлатии китоби Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис дода шуд.

***

17 сол пеш, 11 августи соли 2004 дар шаҳри Душанбе бинои нави Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

11 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе намоиши байналмилалии таҳсилотии Ҷумҳурии Беларус  баргузор гардид.

***

6 сол пеш, 11 августи соли 2015 Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

***

11 августи соли 1792  дар Фаронса Кумитаи инқилобӣ таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1831 дар натиҷаи тӯфон дар Барбадос 15 ҳазор нафар қурбон гардиданд.

***

11 августи соли 1980 Ангола Конститутсияи худро дар таҳрири нав қабул кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1984 дар давраи ниҳоии мусобиқаи футбол дар доираи Бозиҳои олимпии Лос Анҷелос дастаи Фаронса дастаи Бразилияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

***

Соли 1877  ситорашиноси америкоӣ Асаф Ҳолл (Asaph Hall) ду моҳвораи навро бо номҳои Марса — Фобос ва Деймос кашф намуд.

Август 11, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст