ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, панҷшанбе, 224-умин рӯзи соли 2021 аст
12 августи соли 2010 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, таъкид карданд, ки «ҳар ваҷаб замини корам, хусусан заминҳои обӣ бояд пурсамар истифода бурда шавад, то ки бозори истеъмолии мамлакат бештар бо маҳсулоти дохилӣ таъмин шуда, аз таъсири манфии омилҳои берунӣ эмин бошад».
***
10 сол пеш аз ин, 12 августи соли 2011 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок баррасӣ гардиданд.
12 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии ҷавонон.
***
Дар Таиланд — зодрӯзи шоҳзода ва Рӯзи модар.
***
Дар Россия – Рӯзи варзишгарон.
РӮЙДОДҲО:
12 августи соли 2011 муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардида буд, соҳиби медали тилло ва унвони чемпион шуд.
***
12 августи соли 2015 маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия баргузор гардида, се рӯз идома ёфтанд.
***
4 сол қабл, 12 августи соли 2017 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи муштараки ҳамкорӣ ба роҳ андохтанд. Тибқи шартномаи ҳамкории баимзорасида, дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар» (www.khovar.tj) ва Радиои «Ховар FM» рубрикаи нав таҳти унвони «Тоҷикистон –сарзамини сайёҳӣ» боз карда шуд.
***
12 августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Анҷумани 3-юми ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
***
12 августи соли 1992 ИМА, Канада ва Мексика оид ба таъсис додани Минтақаи озоди иқтисодии Америкаи Шимолӣ созишнома ба имзо расониданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2015 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи 16 шаҳри кишварҳои ҷаҳон ба ҳайати Раёсати Форуми рушд ва ҳамкории шаҳрҳои ҳавзаи иқтисодии «Роҳи Абрешим» пазируфта шуд.
***
Соли 1981 компютери фардии IBM PC пешниҳод карда шуд.