ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, душанбе, 235-умин рӯзи соли 2021 аст

Август 23, 2021 08:00

23 августи соли 2001 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ»-ро қабул кард. 

***

11 сол пеш, 23 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҷаласаи фаврӣ доир намуда, масъалаи вобаста ба фирори 25 нафар ҷинояткори махсусан хавфнок аз маҳбасхонаро баррасӣ карда буданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки оид ба дарёфт ва дастгир намудани ин гурўҳи ҷинояткор, ки ҳамчунин даст ба кўшиши ғасби ҳокимият зада буданд, тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Ашқобод аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар фазои тантанавӣ бо мукофоти олии давлатӣ — ордени Президенти Туркманистон- Битараплик (Бетарафӣ) сарфароз гардонида шуданд.

23 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ғуломфурӯшӣ ва маҳви он.

***

Дар Беларус – Рӯзи кормандони омори давлатӣ.

***

Дар  Украина – Рӯзи Парчами давлатӣ.

РӮЙДОДҲО:

23 августи соли 2011 дар Тоҷикистон аввалин гурӯҳи занони авфшуда  ба озодӣ баромаданд.

***

23 августи соли  2012 Созишнома миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Туркманистон дар бораи ҳамгироӣ дар мубориза бо қонунигардонӣ ва расмикунонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм бадастомада ба имзо расид.

***

117  сол пеш, 23 августи соли 1904 занҷири чархҳои автомобилӣ ихтироъ карда шуд.

***

23 августи соли 1913 полиси Лондон аз Ҳукумати ин кишвар дархост кард, ки дар маҳаллаҳои шаҳрӣ барои суръати баланди мошинҳо маҳдудият ҷорӣ намояд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 1959 Ҳукумати ИМА барои дар 400 мактаб ҷорӣ намудани забони русӣ ҳамчун фанни дарсӣ эълон нашр кард.

***

23 августи соли 1976 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Чин 1000 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

23 августи соли 2010 100 давлати дунё барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо- 2010 аризаи расмӣ ирсол карданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1617 дар Лондон аввалин роҳи мошингарди яксамта ифтитоҳ ёфт.

***

Соли 1889 дар Сан-Франсискои ИМА аввалин иттилои радиоӣ аз киштӣ ба соҳил қабул гардид.

Август 23, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст