ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, сешанбе, 243-юмин рӯзи соли 2021 аст
31 августи соли 1991 ҶШС Тоҷикистон номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт.
***
11 сол пеш, 31 августи соли 2010 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Роберт Симмонс масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону НАТО баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуданд.
31 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Қирғизистон – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Молдавия – Рӯзи миллии забон.
***
Дар Малайзия – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
31 августи соли 2015 дар шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи рангини ҳунарии тантанаҳои асосии таҷлили 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ суханронӣ намуданд.
***
31 августи соли 2010 зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки то 10 сентябри соли 2010 пулҳои нави 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда мешаванд. Инак 8 сол мешавад, ки ин пулҳо дар муомилот қарор доранд.
***
31 августи соли 2016 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон маҷмааи муҳташами варзишӣ ба истифода дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои 18-уми тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия аз рӯи намуди гӯштини дзюдо медали биринҷӣ ба даст овард.
***
31 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор мегардад.
***
31 августи соли 1994 хуруҷи неруҳои ҳарбии Россия аз Германия ба анҷом расид.
***
Дар ин рӯзи соли 1913 дар Голландия клуби футболи «ПСВ» таъсис ёфт.
***
31 августи соли 1919 дар Ирландия сензураи матбуот бекор карда шуд.
***
31 августи соли 1975 Фонди байналмилалии асъор қарор қабул намуд, ки тибқи он барои ҳисобҳои пулии байналмилалӣ пардохт намудани тилло рад карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2017 байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии Чин «Синхуа» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
Соли 1920 корхонаи «Красное Сормово» аввалин маротиба дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ намуди танки М («Русский Рено») истеҳсол кард.