ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, шанбе, 219-умин рӯзи соли 2021 аст

Август 7, 2021 08:00

7 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони Осорхонаи миллии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд. Осорхонаи мазкур имрӯз ба яке аз марказҳои асосии илму маориф ва фарҳанги мамлакат табдил ёфтааст.

***

10 сол пеш, 7 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 200 нафар кормандони соҳаҳои иқтисодию истеҳсолии ҷумҳуриро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи воҳиди махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба муносибати 20-солагии таъсиси он сафар карда, бо шароити нави муҳайёгардида ва омодагии касбии ҳайати шахсӣ бевосита шинос шуданд.

7 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Кот-д’Ивуар- Рӯзи истиқлол.

***

Дар Карибати – Рӯзи ҷавонон.

***

Дар Самоаи Ғарбӣ – Рӯзи меҳнат.

РӮЙДОДҲО:

7 августи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.

***

7 августи соли 2016 дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дастаҳои мунтахабаи «Истиқлол» ва  «Ҳосилот» бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

***

7 августи соли 1840 дар Англия  истифодаи меҳнати кӯдакон барои тоза кардани қубурҳо манъ карда шуд.

***

162 сол муқаддам,   7 августи соли 1858 шоҳзодаи англис Виктория шаҳри Оттаваро пойтахти Канада эълон кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1954 Конвенсияи Гаага «Оид ба ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ» ҳангоми амалиёти мусаллаҳона мавриди амал қарор дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1959  моҳвораи Explorer VI  Америка аввалин маротиба расми худро аз космос ба замин равон кард.

***

Соли 1970  аввалин мусобиқаи шоҳмот ба воситаи компютер гузаронида шуд.

Август 7, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш