ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, якшанбе, 220-умин рӯзи соли 2021 аст
8 августи соли 2011 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи истироҳативу фароғатӣ ва варзишии «Кӯли ҷавонон» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
4 сол пеш, 8 августи соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачария вазъи ҳамонвақта ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри Миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи сафирони кишварҳои аъзои СММ ва намояндагони вижаи кишварҳои иштирокдори Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои оби назди СММ-ро, ки барои иштирок дар Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» ба Тоҷикистон омада буданд, ба ҳузур пазируфтанд.
8 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон.
***
Дар Чин – Рӯзи падар.
***
Дар Бутан –Рӯзи истиқлол.
РӮЙДОДҲО:
8 августи соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёди «Зарринкӯҳ»-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мактаби замонавӣ ба истифода дода шуд.
***
8 августи соли 1925 дар Вашингтон аввалин конгресси миллии Ку-Клукс-Клана оғоз гардида буд.
***
94 сол муқаддам, 8 августи соли 1927 дар Фаронса эълони сохтани ваксина бар зидди вабои саг паҳн гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1932 Иттиҳоди Шӯравӣ истифодаи меҳнати занонро дар конҳо иҷозат дод.
***
8 августи соли 1949 дар шаҳри Страсбурги Фаронса аввалин ҷаласаи Шӯрои Аврупо баргузор гардид.
***
8 августи соли 1959 дуюмин Бозиҳои тобистонаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1925 аввалин маротиба дар шаҳри Торонтои Канада чароғаки роҳ насб гардид.