ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, душанбе, 221-умин рӯзи соли 2021 аст

Август 9, 2021 08:00

9 августи соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуданд.

***

10  сол пеш, 9 августи соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон  Маркази минтақавии тавонбахшии кӯдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» баргузор гардид.

9 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ.

***

Рӯзи ҷумҳурӣ дар Сингапур.

***

Рӯзи миллии сулҳовар дар Канада.

***

Рӯзи ҳифзи ҷангал дар ИМА.

РӮЙДОДҲО:

9 августи соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед, ки аз соли 1950 тахтнишин буд, дидор ва мулоқот намуданд.

***

9 августи соли 2008 масоили гуногунҷанбаи  Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.

***

9 августи соли 2007  дар шаҳри Душанбе шабакаи нави радиошунавонии FM «Имрӯз» ба пахши барномаҳо шурӯъ намуд.

***

127 сол муқаддам, 9 августи соли 1893  Бонки миллии  Италия таъсис дода шуд.

***

9 августи соли 1912 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Туркия  6 ҳазор  нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 40 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1945 ба шаҳри Нагасакии Япония бомбаи атомӣ партофта шуд.

***

Соли 1992 дар  Барселона маросими пӯшидашавии бозиҳои XXV олимпӣ баргузор гардид.

Август 9, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, душанбе, 244-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, якшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, шанбе, 242-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, ҷумъа, 241-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, панҷшанбе, 240-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, чоршанбе, 239-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, сешанбе, 238-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, душанбе, 237-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, якшанбе, 236-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, шанбе, 235-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, ҷумъа, 234-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, панҷшанбе, 233-юмин рӯзи соли 2025 аст