ТАСС: Путин ба талошҳои Президенти Тоҷикистон барои оммавӣ кардани забони русӣ баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Русия Владимир Путин ба кори ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таблиғи забони русӣ баҳои баланд дод, хабар дод ТАСС дирӯз, 25 август.
«Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин таваҷҷуҳи зиёд доранд. Мо ҳама, дар назар дорам, ҳар касе, ки ба таблиғи забони русӣ дар хориҷа, аз ҷумла дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ манфиатдор аст, бояд барои ин аз он кас миннатдор бошем»,-гуфт Путин рӯзи чоршанбе зимни суҳбат бо омӯзгорон, донишҷӯён ва волидон дар арафаи соли нави хониш. Ҳамин тариқ, Президент (аз Русия В. Путин. — тавзеҳи АМИТ «Ховар») суханронии донишҷӯи тоҷик Абдуллоҳоҷӣ Бобоевро шарҳ дод, ки аз моҳи сентябр ба сифати духтур дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) таҳсил мекунад.
Путин илова кард, ки ӯ чанде пеш масоили кунунии ҳамкорӣ бо Эмомалӣ Раҳмонро баррасӣ кардааст. «Қариб ҳамеша ӯ (Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. –Тавзеҳи АМИТ «Ховар») масъалаи расонидани кумак аз Русия ба Тоҷикистонро дар рушди забони русӣ ба миён мегузорад. Мо ҳатто нақшаҳои мушаххасро дар ин замина баён кардем, илова бар корҳое, ки анҷом дода шуданд»,-гуфт Путин.
Вай Бобоевро ба муносибати ба Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дохил шуданаш табрик кард. «Ман аз шунидани он хеле шод шудам, ки барномае, ки мо ҳамроҳ бо Президенти Тоҷикистон як вақт оғоз кардем ва бояд роҳнамоии мутахассисони моро ба ҷумҳурӣ таъмин мекард, он кор мекунад ва чунин натиҷаҳои хуб меорад. Мо минбаъд низ онро идома хоҳем дод», — хулоса кард сарвари давлат.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни дарси сулҳ дар бинои нави Донишгоҳи техникии Душанбе ба муносибати Рӯзи дониш суханронӣ карда, гуфта буданд, ки барои Тоҷикистон дар баробари рушди забони давлатӣ, ки барои Ҳукумати кишвар афзалият дорад, омӯзиши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳои кишвар низ ниҳоят муҳим аст.
Сарвари давлат чунин таъкид карданд: «Ин забонҳоро амиқ омӯхтан лозим аст, зеро бе донистани онҳо Тоҷикистон дар инзиво монда, рушди минбаъдаи давлат ғайриимкон ё душвор мешавад». Пешвои миллат хотиррасон карданд, ки забони русӣ ва англисӣ аз шумораи шаш забони расмии СММ маҳсуб мешаванд. «Ҳама технологияҳои муосир бо забонҳои англисӣ ва русӣ тавзеҳ дода мешаванд, аз ин рӯ ин забонҳо заруранд, то мутахассисони мо дар бораи кор кардани ин ё он таҷҳизот маълумот пайдо намоянд», — иброз намуданд Пешвои миллат.
Инчунин бояд зикр аст, ки 4 апрели соли 2003 Президенти Тоҷикистон Фармон “Дар бораи беҳтар намудани таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро имзо карданд. Мувофиқи ин фармон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 -ро қабул кард.
АКС: kremlin.ru/Хадамоти матбуоти Кремл








Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд






