Тоҷикистон ва Русия Созишнома оид ба татбиқи мутақобилаи низоми электронии сертификатсияи истеҳсолии мол ба имзо мерасонанд
ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик миёни Тоҷикистон ва Русия Созишнома оид ба татбиқи мутақобилаи низоми электронии сертификатсияи истеҳсолии мол ба имзо расад.
Ин матлаб зимни мулоқоти муовини аввали Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Азим Турсунзода бо Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков дар Душанбе баррасӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти гумруки кишвар.
Ба имзо расонидани санади мазкур дар оянда аз он шаҳодат медиҳад, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия талош доранд барои шарикони тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам оранд.
Зикр шуд, ки бо мақсади баррасии механизми роҳандозии он моҳи марти соли равон бо иштироки масъулини намояндагии Хадамоти федералии гумруки Русия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон вохӯрӣ гузаронида шуда буд.
Иброз дошта шуд, ки гардиши тиҷорат миёни ду кишвар, новобаста аз хуруҷи бемории сироятии COVID-19 солҳои охир ба тадриҷ афзудааст. Ҳамкории судманд миёни ду давлат далели рушди собитқадамона ва таҳкими муносибатҳои шарикии байни Тоҷикистон ва Русия арзёбӣ гардида, бо мақсади боз ҳам таҳкими муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи ҳамкории судманд дар пешбурди тиҷорати миёни ҳамдигарӣ Намояндагии мақомоти гумруки Тоҷикистон дар Русия ва Русия дар Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки аз таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбарони давлатҳо дар пешбурди фаъолияти гумрукӣ шаҳодат медиҳад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда ҳамкории мутақобилан судмандро миёни Намояндагии Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият диҳанд ва барои рафъи масъалаҳое, ки ба гардиши тиҷорат миёни ду кишвар монеа мешаванд, тадбир андешанд.
Федератсияи Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, ҳиссаи он дар тавозуни савдои Тоҷикистон назаррас аст. Ташкили чунин вохӯриҳо ба рушди ҳамкории шарикӣ такони ҷиддӣ бахшида, зимни онҳо механизми суръатбахшии раванди иҷрои қарордодҳои басташуда миёни ду давлат муайян мегардад.
АКС аз Хадамоти гумрук








СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд






