Вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд

Август 25, 2021 16:34

ДУШАНБЕ, 25.08.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, муовини роҳбари ҳайати Шветсия дар Ассамблеяи Парлумонии САҲА Маргарета Cедерфелт ҷаласаи васеи ин Созмони бонуфузи байналмилалӣ тариқи онлайн баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҷаласаи бонуфузи байналмилалӣ раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода муаррифӣ намуд. Дар рӯзномаи ҷаласа «Вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба Осиёи Марказӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар кори ҷаласаи  онлайн — Пиа Каума, ноиби Президенти Ассамблеяи Парлумонии САҲА, намояндаи махсус оид ба Осиёи Марказӣ, узви ҳайати Финляндия дар АБ САҲА, Гулшат Мамедова, роҳбари Намояндагии Туркманистон дар АБ САҲА, Содик Сафоев, роҳбари Намояндагии Узбекистон дар АБ САҲА, муовини аввали Раиси Сенати Олий Маҷлиси Узбекистон,   Аскар Шакиров, ноиби президенти Ассамблеяи Парлумонии  САҲА, намояндаи махсус оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, муовини Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе: Сафир Валерию Чивери, сардори идора хонум Чой Ҷалиашвили, муовини сардори идора хонум Нигина Абдуллоева, масъули муколамаи сиёсии миллӣ, Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Узбекистон ҷаноби Ханс-Уллрих, иҷрокунандаи ҳамоҳангсози лоиҳа, корманди калони лоиҳа, Маркази САҲА дар Ашқобод ҷаноби Уилям Лиф, иҷрокунандаи вазифаи сардори марказ, корманди сиёсӣ Маркази пешгирии низоъҳои САҲА хонум Тереза Абрахамсен, масъули дастгирии сиёсат ҷаноби Ҷалил Киекбоев, масъули дастгирии сиёсат Дафтари Дабири кулли САҲА ҷаноби Эмилиано Алесандри, корманди калони ҳамкории беруна ҷаноби Дэвид Буерстед, корманди иҷроия Котиботи ПА САҲА ҷаноби Роберто Монтелла, Дабири кулл ҷаноби Гидо Алмеригогна, мушовири иҷроия хонум Даря Боярская, мушовир хонум Фарима Дафтарӣ, масъули калони барнома хонум Фрейҷа Коси, ассистенти иҷроия хонум Стефани Колтчанов, корманди интихобот ҷаноби Нат Парри, сардори бахши алоқа ва матбуот ҷаноби Лоип Пулейн, мушовири президент  ҷаноби Манучеҳр Салоҳудинов ва ғайра иштирок карданд.

Дар ҷаласа  таҳаввулоти Афғонистон, ки он бо суръати ғайричашмдошт пеш рафта истодааст, мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон ва чӣ гуна АБ САҲА метавонад ба кишварҳои узви Осиёи Марказӣ кумак кунад, аз масъалаҳои меҳварии рӯзномаи сиёсии ҷаласа буданд.

Аз рӯи масъалаи мазкур иштирокчиёни ҷаласаи Ассамблеяи Байнипарлумонии САҲА қарори дахлдор қабул намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагон

Август 25, 2021 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд