Вазоратҳои адлияи СҲШ ба ҳамкорӣ дар шароити пандемия тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 06.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои адлияи кишварҳои узви СҲШ ва котиботи СҲШ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Русия, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Тавре аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар машварат қонунҳо оид ба коронавирус, нақши қонунҳо дар давраи пандемия, расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандон мувофиқи қонунгузории миллӣ, нақши вазоратҳои адлия дар муқовимат ба коррупсия, лоиҳаи Конвенсияи СҲШ дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои гражданӣ баррасӣ гардиданд.
Дар Машварати вазирони адлияи давлатҳои СҲШ таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар доираи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, вусъати ислоҳоти ҳуқуқӣ, нақши вазоратҳои адлия дар муқовимат ба коррупсия, таъмини волоияти ҳуқуқ, баланд бардоштани ихтисоси кормандони мақомоти адлия ва табодули таҷриба миёни вазоратҳои адлияи давлатҳои узви СҲШ вобаста ба масъалаҳои алоҳидае, ки манфиатҳои мутақобиларо ба танзим медароранд, дода шуд.
Дар ҷамъбасти Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён умедвории худро барои ҳамкории минбаъдаи самарабахш миёни вазоратҳои адлияи давлатҳои узви СҲШ ва котиботи он баён намуд.
Дар анҷом оид ба натиҷаи Машварати ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ изҳороти муштарак қабул гардид.
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






