Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2023 ба Давлати Қатар даъват гардид
ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 август зимни мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим бин Муҳаммад ал — Абдулло ба ҷониби Тоҷикистон даъватномаи Вазири шаҳрдорӣ ва муҳити атрофи Давлати Қатар барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО, ки соли 2023 дар Давлати Қатар баргузор мегардад, супорида шуд, иттилоъ доданд аз Раёсати байналмилалии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки аз 29 апрел то 7 октябри соли 2019 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» сурат гирифт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинаи «Майдонҳои дохилии намоишгоҳи байналмилалӣ» аз рӯи баҳогузории экспозитсияи намоишгоҳӣ, мутобиқатии мавзуъ, муаррифӣ, ташкили кори павилйон ва тарҳи меъморӣ соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардида буд.
Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз қабили бо сармоягузории қатарӣ ворид намудани таҷҳизоти муосир барои бунёди гармхонаҳои доимамалкунанда, чорвои калон барои зиёд намудани насли хушзот, тухмиҳои хушсифати дараҷаи элитаи гандум, картошка, пахта ва дигар зироати афзалиятнок, воридоти нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо барои нест кардани ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малах, харидорӣ намудани модарзанбӯр бо мақсади афзоиши истеҳсоли асал ва содироти он ба Давлати Қатарро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба бунёди бинои нави таълимии замонавӣ барои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мубодилаи афкор намуданд.
АКС аз Вазорати кишоварзии ҶТ








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






