Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар маросими ифтитоҳи бинои факултети фармасевтии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бинои факултети фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро пас аз таъмири пурра ва муҷаҳҳазгардонӣ мавриди истифода қарор дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бо ифтитоҳи иншоот дар самти таҳсилоти олӣ, рушди илм, ҷорӣ намудани технологияи нави омӯзиш, инкишофи малакаи касбӣ, шароити мусоид барои корҳои илмиву инноватсионӣ ва мукаммалкунии пояи моддӣ-техникии донишгоҳ, роҳандозӣ намудани усулҳои банақшагирии стратегӣ ва идоракунии системавӣ имкони беҳтар фароҳам оварда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади таъмини таҳсилоти фармасевтӣ соли 1981 факултети фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъсис дода шуда, бо сабаби фаъолияти тӯлонӣ бино ба таъмир ниёз пайдо карда буд.
Дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва раёсати донишгоҳ иншоотро пурра таъмир намуда, муосиртарин ашёи хонишро дастрас намуданд.
Шуруъ аз синфхонаҳои фанӣ то толору маҷлисгоҳи факултет ба талаботи замон мутобиқ гардонида шудааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни шиносоӣ бо шароити иншоот масъулонро вазифадор намуд, ки дар баробари фароҳам овардани шароити мусоиди илмомӯзӣ ҳамзамон сатҳи таълиму тарбияро боз ҳам баланд бардошта, мутахассисони варзидаи соҳавӣ ва ҷавобгӯи бозори меҳнатро омода созанд.
Вобаста ба амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарматсия соли 2016 баҳри таъмини таҳсилоти босифати фармасевтӣ ва робитаи илм бо истеҳсолот дар назди факултети фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маркази таълимию истеҳсолии “Фарматсия” таъсис дода шуд.
Марказ марҳила ба марҳила фаъолияти худро васеъ намуда, барои таҷрибаомӯзӣ ва дарсҳои амалии донишҷӯён имкониятҳои навро фароҳам овард.
Марказ аз 4 бахши асосӣ аз ҷумла коркарди мавод дар шакли ҳаб ва ғилофак, коркарди гиёҳҳои шифобахш, экстраксияи маводҳои доруворӣ ва коркарди маводи дорувории моъегӣ бо дастгоҳҳои муосири фармасевтӣ иборат мебошад.
Минбаъд дар марказ гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ, корҳои лабораторӣ, ташкили курсҳои бозомӯзии баъдидипломии ихтисосмандони соҳаи фарматсия, таҷрибаомӯзӣ ва иҷрои корҳои дипломӣ, тайёр намудани эксперт – маълумотдиҳанда оид ба маводи доруворӣ, ташкил ва гузаронидани барномаҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва лексияҳо барои донишҷӯёну устодони муассисаҳои олию миёнаи тиббӣ ва гурӯҳҳои мухталифи кормандони соҳаи тандурустӣ, ташкили корҳои илмӣ–тадқиқотӣ ва назорати иҷроиши онҳо, коркарди роҳҳои нави хизматрасонии фарматсевтӣ ва дар асоси ашъёи хоми маҳаллӣ коркарди доруҳои нав ва маводи парафарматсевтӣ, омода намудани мутахассисони ҷавон ва баланд бардоштани малакаи мутахассисони илмӣ ва илмӣ-педагогӣ имконпазир аст.
Сарвазири мамлакат ба истифода супоридани иншоотро туҳфаи арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи кормандони соҳаи тиб ба омӯзгорон ва донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат арзёбӣ намуд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Дар Минск нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи «Умари Хайём» ифтитоҳ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд
Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд
Китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ба нашр расид
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕНАЗИР АСТ. Ва ё вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нест
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад
«РОБИАИ БАЛХӢ — НОБИҒАИ ШЕЪРИ ТОҶИК». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Тоҷикобод конфронси илмӣ доир шуд
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад
Собиқадори хизмати давлатӣ Тоҳир Рашид: «Обод намудани Ватан ибодат ва аз гӯшаи имон аст»






