Завқӣ Завқизода: Ҳиссаи савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои СҲШ 61 %-ро ташкил медиҳад

Август 27, 2021 15:33

ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳиссаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай 61 фоизро ташкил дода, шарикони асосии тиҷоратӣ Федератсияи Русия, Чин, Қазоқистон ва Узбекистон ба ҳисоб мераванд.

Ин нуктаро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар  Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иброз дошт.

Вазорати  рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки  Завқи Завқизода зикр кард, ки минтақаи СҲШ ба маркази ҷалби тиҷорати ҷаҳонӣ ва ҷараёни молиявӣ табдил ёфта, бозори азими истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони молу хидматҳо мебошад, ки барои васеъшавии савдои мутақобила имконияти васеъ фароҳам меорад. Солҳои охир ин минтақа дар соҳаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия ба пешрафти назаррас ноил гардид, аммо дар ин самтҳо ҳанӯз ҳам имконияти зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошанд.

Завқизода таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои текникӣ ва технологияҳои рақамӣ бо кумаки иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, аз ҷумла дар минтаҳаҳои озоди иқтисодӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи иттилоотӣ, рушди инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва содагардонии расмиёти савдоро дар фазои СҲШ тавсия дод. Тиҷорати электронӣ тақрибан 20 фоизи савдои ҷаҳониро ташкил дода, тибқи арзёбии коршиносони соҳа, то соли 2025 то 25 фоиз афзоиш меёбад.

Дар анҷом Завқизода ба иштирокчиён комёбиҳо таманно намуда, изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда миёни давлатҳои СҲШ як иттиҳоди мукаммали технологӣ ва истеҳсолӣ таъсис хоҳад ёфт.  Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо якчанд корҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Қабули Консепсия ва барномаи рушди иқтисоди рақамӣ, ба роҳ мондани фаъолияти Портали савдои Тоҷикистон аз соли 2019, ки аз он зиёда аз 270 ҳазор нафар аз 40 кишвари ҷаҳон истифода намудаанд, аз ҳамин қабил мебошад.

 Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Август 27, 2021 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст