Ҳайати доираҳои тиҷоратии Русия аз шимоли Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия дар мулоқоти доираҳои тиҷоратии ду кишвар, ки дар шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» — Гулистон доир гардид, баррасӣ шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар мулоқот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин, соҳибкорони рус, раисони бархе шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони блоки иқтисодии вилоят, корхонаҳои бузурги саноатӣ, соҳибкорони инфиродӣ иштирок намуда, масъалаҳои тавсеаи ҳамкории иқтисодиро баррасӣ карданд.
Раиси вилоят дар мулоқот иброз дошт, ки ташкили чунин мулоқоту сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳо ва иштирок дар ярмаркаҳои тиҷоративу саноатӣ барои таҳкими робитаҳои минтақавӣ заминаи устувор мегузорад. Дар замони муосир ҷустуҷӯ ва дарёфти шарикон барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак амри зарурӣ буда, дар ин самт вилояти Суғд омодаи ҳамкории мутақобилан судманд мебошад. Вилояти Суғд, ки чун «водии имконот» шинохта шудааст, бо ҳашт минтақаи Федератсияи Русия — Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Нижегород, Алтай ва Ҷумҳурии Доғистон меморандум ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Барои рушди робитаҳои минтақавӣ ва тиҷоратӣ нақши палатаҳои савдо ва саноат назаррас буда, Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд бо палатаҳои савдо ва саноати 21 минтақаи Федератсияи Русия созишномаҳои ҳамкорӣ имзо намудааст. Дар назар аст, ки бо ташкили чунин мулоқоту вохӯриҳо ҳамкорӣ боз ҳам тавсеа ёфта, мубодилаи молу маҳсулот афзун ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак бештар гардад.
Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин, сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов, роҳбари Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов, директори ширкати «Фортуна Ко» Муъмин Умаров, роҳбари гурӯҳи корхонаҳои «Ресурс»-и Русия Ренат Шигапов, роҳбари Ассотсиатсияи рушди сайёҳии «Зарафшон» Ҷамшед Юсупов доир ба рушди ҳамкорӣ, истифодаи имконоти дуҷониба ва тақвияти робитаҳо миёни доираҳои соҳибкорӣ табодули назар намуданд.
Акс аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






