«ҲАМОСАИ ПАНҶШЕР». Дар Душанбе ба ҷонибдории Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон китоб ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 27.09.2021 / АМИТ «Ховар» /. Нашриёти «Адиб» маҷмӯаи шеърҳоеро ба нашр расонид, ки ба ҷонибдории Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер иншо шудаанд.
Китоб «Ҳамосаи Панҷшер» ном дошта, дар он маҷмӯаи ашъори шоирони гуногуни форсизабон мавҷуд аст ва дар муқовааш расми Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш Аҳмад Масъуди хурдӣ оварда шудааст. Маҷмӯа бо ташаббуси муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон, шоир ва публисист Давлат Сафар омода шуда, аз ҷониби шоир Беҳрӯз Забеҳулло таҳрир шудааст.
Ин аллакай дуввумин маҷмӯаест, ки барои дастгирии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер аз чоп баромад. Қаблан дар Душанбе китоби «Мактуб ба Панҷшер» низ нашр шуд, ки он паёми зиёиён ва ҷавонони созандаи Тоҷикистон ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмад Масъудро дар бар мегирад.
Тавре рӯзноманигори тоҷик Одил Нозир дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, нашриёт тасмим дорад ояндаи наздик маҷмӯаи наср ва маводи мухталифро ба хотири дастгирии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон нашр кунад.
АКС аз Facebook








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






