Ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул ботантана таҷлил гардид

Сентябрь 24, 2021 17:37

ДУШАНБЕ, 24.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул  23-уми сентябр, ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҷапмомади идона баргузор гардид,  иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия Манижа МАКСУДОВА.

Ҳамоиши мазкур дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Истанбул (Hilton-İstanbul), бо иштироки зиёда аз 100 нафар меҳмонон баргузор гардида, дар он муовини раиси ҳокимияти шаҳри Истанбул хонуми Озлем Бозкурт Геврек, намояндагони сохторҳои гуногуни шаҳри Истанбул ва ҳайати дипломатӣ, консулҳои генералии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла раиси Шӯрои соҳибкорони Туркия – Тоҷикистон, раиси Ҷамъияти тоҷикони муқими Туркия, намояндагони илму фарҳанг ва аҳли зиёи кишвари иқомат ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Мурод Саидзода пас аз садо додани сурудҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ватан табрику таҳният гуфта ва зикр намуд, ки “Истиқлолият ин бузургтарин дастоварди миллии мардуми шарифи тоҷик дар тӯли таърих мебошад, зеро халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хоса дар арсаи байналмилалӣ касб намуд”. Ҳамчунин консули генералӣ   оид ба дастовардҳои кишварамон дар тӯли 30 соли Истиқлолият ва аз ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ  ёдовар шуд.

Аз ҷониби консулгарии кишварамон дар шаҳри Истанбул ба раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Туркия Ҷаҳонгир Фикри Саатчиоғлу барои мусоидат ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Туркия сипоснома ва ба муовини раиси ҳокимияти шаҳри Истанбул хонум Озлем Бозкурт Геврек туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар ҷамъомади бошукуҳ бахшида ба  30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лауреати озмунҳо ва фестивалҳои байналмилалӣ, хатмкардаи Консерваторияи Милани Итолиё Шоҳрух Юнусов ва сарояндаи ҷавону маъруфи кишвар Хуҷастаи Мирзовалӣ  бо сурудҳои ҷолиби  худ табъи меҳмонон ва иштирокчиёнро болида сохтанд.

Дар рафти зиёфат  ба муногсибати  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон торти бошукӯҳи ҷашнӣ аз ҷониби консули генералии кишварамон якҷо бо консулҳои генералии кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Истанбул бурида шуд. Ҳамзамон гӯшаи Тоҷикистон, ки муаррифи кишварамон буд, ба намоиш гузошта шуд. Дар хатми ҳамоиш барои иштирокдорон ва меҳмонон ҳадяву шириниҳои Тоҷикистон тақдим гашт.

АКСҲО аз муаллиф

Сентябрь 24, 2021 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд