Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 214 бинои нави муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ гардидааст

Сентябрь 1, 2021 16:09

ДУШАНБЕ, 01.09.2021. /АМИТ «Ховар»/.  «Зинаи асосие, ки барои азхудкунии дониш заминаи бунёдӣ мегузорад, таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад»,- таъкид намуданд имрӯз зимни суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар Рӯзи дониш.

Пешвои миллат ҳамчунин  зикр намуданд, ки «бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои хонандагони ин зинаи таҳсилот танҳо соли ҷорӣ ба ифтихори ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ ба истифода супоридани 214 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои қариб 100 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, то имрӯз қисми зиёди онҳо дарҳои худро барои хонандагон боз кардаанд».

Ба таъкиди Сарвари давлат, бо вуҷуди чораҳои доир ба бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ амалигардида дар мамлакат то ҳанӯз мушкилоти зиёди ҳалталаб вуҷуд доранд.

Гуфта шуд, ки тайи солҳои 2017 – 2020 дар шаҳри Душанбе бо харҷи зиёда аз 450 миллион сомонӣ 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 31 ҳазор ҷойи нишаст ва 9 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои қариб 2000 кӯдак бунёд гардидааст. Инчунин ба ифтихори 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе бунёди 19 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 41 ҳазор ҷойи нишаст ва сохтмони 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1900 кӯдак идома дорад.

«Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва бунёди деҳаву шаҳракҳои нави аҳолинишин зарурати бунёди боз садҳо муассисаи нави таълимӣ ба миён омадааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва қабули барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа пайваста чораҷӯӣ карда истодааст»,-афзуданд Сарвари мамлакат.

Дар ҷараёни суханронӣ таъкид гардид, ки «бо мақсади татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат дар самти тарбияи кадрҳо, амалӣ намудани ҳадафҳои имрӯзу ояндаи кишвар ва бо мутахассисони соҳибкасб таъмин кардани тамоми соҳаҳо дар замони соҳибистиқлолӣ 28 муассисаи нави таҳсилоти олии касбӣ ба фаъолият оғоз намуд».

Бояд гуфт, ки дар мамлакат 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 244 652 нафар донишҷӯ  ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Бо ғамхориву таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ҳоло муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки қишри сершумор ва неруи созандаи ҷомеа – ҷавононро ба таълим фаро гирифтаанд, аз лиҳози шаклу мазмуни таҳсилот ва пояи моддиву техникӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ наздик шуда, мақому мавқеи худро дар ҷомеа тақвият бахшида истодаанд.

Сентябрь 1, 2021 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад