Ба сокинони Хуҷанд китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид

Сентябрь 21, 2021 09:48

ДУШАНБЕ, 21.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сокинони шаҳри Хуҷанд китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид, иттилоъ доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар».

Туҳфаи гаронарзишро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рукмина Сафарзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба сокинон тақдим намуданд.

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рукмина Сафарзода иброз дошт, ки «китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, аз номи Сарвари давлат ҳамчун туҳфа ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оилаи мамлакат тақдим мегардад. Ин ганҷинаи пурарзиш барои ҳар фарди Тоҷикистон сарчашмаи муҳими худомӯзӣ мебошад ва ҳар хонанда метавонад аз он баҳра бардошта, донишашро такмил диҳад».

Дарвоқеъ, китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон тарбия намудани наврасону ҷавонон аз аҳамияти муҳим бархӯрдор аст. Ин шоҳасар насли имрӯз ва ояндаи миллатро ба он ҳидоят менамояд, ки аз гузашта сабақ гирифта, бо мутолиаи ин асари пурарзиш аз таърихи гузаштаи миллати тамаддунофари худ огоҳ гарданд.

Шаҳрвандони фахрии Хуҷанд Мукаррама Бузрукова, Юсуф Қурбонов, Баҳриддин Ахмедов, собиқадори соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ Исрофил Бобомаликов ва дигарон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи пурарзиши Пешвои миллатро ҳамчун беҳтарин армуғони фарҳангӣ дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худ ва аҳли хонадонашон қабул намуда, онро ганҷинаи беҳтарини хонавода арзёбӣ менамоянд.

АКС: аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Хуҷанд

 

Сентябрь 21, 2021 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст