Ба сокинони Хуҷанд китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 21.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Хуҷанд китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид, иттилоъ доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар».
Туҳфаи гаронарзишро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рукмина Сафарзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба сокинон тақдим намуданд.
Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рукмина Сафарзода иброз дошт, ки «китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, аз номи Сарвари давлат ҳамчун туҳфа ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оилаи мамлакат тақдим мегардад. Ин ганҷинаи пурарзиш барои ҳар фарди Тоҷикистон сарчашмаи муҳими худомӯзӣ мебошад ва ҳар хонанда метавонад аз он баҳра бардошта, донишашро такмил диҳад».
Дарвоқеъ, китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон тарбия намудани наврасону ҷавонон аз аҳамияти муҳим бархӯрдор аст. Ин шоҳасар насли имрӯз ва ояндаи миллатро ба он ҳидоят менамояд, ки аз гузашта сабақ гирифта, бо мутолиаи ин асари пурарзиш аз таърихи гузаштаи миллати тамаддунофари худ огоҳ гарданд.
Шаҳрвандони фахрии Хуҷанд Мукаррама Бузрукова, Юсуф Қурбонов, Баҳриддин Ахмедов, собиқадори соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ Исрофил Бобомаликов ва дигарон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи пурарзиши Пешвои миллатро ҳамчун беҳтарин армуғони фарҳангӣ дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худ ва аҳли хонадонашон қабул намуда, онро ганҷинаи беҳтарини хонавода арзёбӣ менамоянд.
АКС: аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Хуҷанд








«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






