Барои инъикоси иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД барои намояндагони ВАО шароити муосир фароҳам гардидааст
ДУШАНБЕ, 16.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази матбуоти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъсис ёфтааст. Интизор меравад, ки дар ҷаласаҳои ин созмони бонуфуз, ки бо иштироки бевоситаи сарони кишварҳо, созмонҳо ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ баргузор мешавад, муҳимтарин мавзуъҳои минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасии амиқ қарор гиранд.
Ҷиҳати инъикоси чорабинии муҳими сиёсӣ беш аз 500 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд. Барои хабарнигорон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шароити замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар толорҳои махсуси китобхона беш аз 500 компютер, принтер ва дигар дастгоҳҳои муосир ҷиҳати сабту коркард гузошта шудаанд. Ҷараёни ҷаласаҳо мустақиман тавассути маниторҳои бузург, ки дар толорҳои Китобхонаи миллӣ гузошта шудаанд, ба журналистон намоиш дода мешавад ва хабарнигорон имкон доранд иттилои заруриро дарёфт ва ба ҷомеаи ҷаҳон паҳн намоянд.
Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР, компютерҳои замонавие, ки ҷиҳати инъикоси ҷараёни ҷаласаҳои чорабинӣ ба намояндагони воситаҳои ахбораи омма дастрас шудаанд, аз интернети баландсуръат бархурдор мебошанд. Ҳамзамон се монитори бузург, ки рафти ҷаласаҳоро ба таври кушод намоиш медиҳнад, кори намояндагони воситаҳои ахбори оммаро осон мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Кишвари мо сиёсати дохиливу хориҷиашро дар асоси манфиатҳои миллӣ ба роҳ монда, инчунин аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардидааст. Яке аз чунин созмонҳо Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ /СААД/ мебошад, ки соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбон ва раёсати онро бар уҳда дорад. Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иттиҳоди ҳарбию сиёсиест, ки кишварҳои собиқ шӯравӣ дар заминаи Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ таъсис додаанд. Оинномаи СААД аз ҷониби Шӯрои Амнияти Дастҷамъӣ дар Кишинёв 7 октябри соли 2002 имзо шуда, 18 сентябри соли 2003 эътибор пайдо кард.
Дар вазъи имрӯзаи байналмилалӣ мавҷудияти СААД омили муҳими субот ва амнияти сарҳадоти давлатҳои аъзо мебошад. Фаъолияти доимӣ дар чаҳорчӯби СААД имкон медиҳад, ки робитаҳои байнидавлатии ҳарбию сиёсӣ ҷиҳати ташаккули низоми воқеан самараноки амнияти дастҷамъӣ ба сатҳи сифатан нав бардошта шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои иштироки худ дар фаъолияти СААД аҳамияти афзалиятнок медиҳад.
Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст ва имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ба хотири таъмини амният ва субот дар тамоми минтақаи Аврупо ва Осиё ва инчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои фаъол намудани раванди ҳамгароии ҳарбию сиёсии давлатҳои аъзо ва ҳамоҳангсозии иқтидори онҳо, такмили соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории ҳарбию техникии давлатҳои аъзоро аз вазифаҳои наздиктарин ва муҳимтарини Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ меҳисобад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»













Оид ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
«Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст






