Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш кумаки техникӣ мерасонад
ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии техникӣ расонида мешавад,-зикр шуд 29 сентябр зимни мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо роҳбари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер, хабар доданд дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр намуданд, ки нақши ҷавонон дар рушди устувор, пешгирии буҳронҳо ва пешбурди сулҳ миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мусбат арзёбӣ шудааст.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа ва таъмини иштироки онҳо дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ тадбирҳои мушаххас андешид.
Роҳбари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер омодагии худро барои ҳамкорӣ дар татбиқи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин тарҳрезию татбиқи лоиҳаҳо ва ташкили чорабиниҳои муштарак дар самти рушди ҷавонон изҳор намуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






