Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ маркази хизматрасонӣ, нуқтаи ёрии таъҷилӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуданд

Сентябрь 30, 2021 14:49

ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара маркази хизматрасонӣ, нуқтаи ёрии таъҷилӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Дар  маросими мазкур  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда,  нахуст дар маркази ҷамоат маркази хизматрасонии соҳибкор Нуриддин Азизовро ба истифода дод. Дар ин марказ, ки дорои ошхона, чойхона барои калонсолон ва дорухона буда, бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ сохта шудааст, то 40 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гашта, ба аҳолӣ ва меҳмонони ҷамоат хизмат мерасонад.

Раиси вилоят ба фаъолияти соҳибкор баҳои баланд дода,  ташкили чунин марказҳои хизматрасонии муосирро дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот зарур арзёбӣ кард.

Сипас, дар маҳаллаи Сари бозори ҷамоат нуқтаи ёрии таъҷилӣ ифтитоҳ шуд. Бинои мазкур аз ҷониби соҳибкор Хуршед Ҳоҷиев ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ки ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Ба нуқтаи ёрии таъҷилӣ ҳамзамон аз тарафи соҳибкор Комилҷон Мансуров як мошини ёрии таъҷилӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ туҳфа карда шуд.

Раиси вилоят иқдоми соҳибкоронро ситоиш карда, таъкид дошт, ки саҳми чунин саховатмандон дар рушди деҳот назаррас аст ва ин амали онҳо намунаи ибрат аст. Инчунин  гуфта шуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар оянда ба ҷамоат ду адад нақлиёти ёрии тиббӣ расонида мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин дар ифтитоҳи синфхонаҳои иловагии муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70 ширкат варзида, бо хонандагони мактаб суҳбат кард. Раиси вилоят аз толибилмон даъват намуд, ки бо баҳои аъло таҳсил карда, дар оянда чун мутахассисони кордон ба воя расанд.

Синфхонаҳои иловагӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи 250 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудаанд.

АКСҲО: МИҲД-и в. Суғд

Сентябрь 30, 2021 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд